Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз Амрико хост, Гуантанаморо бубандад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дигарбора аз Амрико хост, боздоштгоҳи Гуантанаморо бубандад. Ӯ дар ин бора рӯзи панҷшанбе ҳангоми боздидаш аз Дания сухан гуфт. Ҳомиди Карзай афзуд, ҳукумати Афғонистон аз Амрико хостааст, ки бандиёни афғон дар Гуантанаморо озод кунад ва чанд сол аст, ки дар ин замина бо Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милал гуфтӯгу дорад. Айни замон аз миёни 166 бандии Гуантанамо, ҳудуди 100 нафари онҳо гуруснанишинӣ мекунанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико қабл аз расидан ба ин мақом, ваъда дода буд, ки Гуантанаморо мебандад, вале то кунун ин корро карда натавонистааст.
XS
SM
MD
LG