Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Темирланро ба хешовандонаш супурдаанд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷасади Темурлан Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Бостони Амрикоро ба хешовандонаш супурдаанд. Сухангӯи Раёсати Амнияти Умумии аёлати Массачусетс рӯзи панҷшанбе гуфт, ҷасади ҷавони 26-солаи чеченро рӯзи панҷшанбе аз сардхона гирифтаанд. Мутахассисони амрикоӣ иллатҳои марги ӯро ташхис кардаанд, вале гуфтаанд, ки то замони супурдани ҷасад ба хешовандонаш, натиҷаҳои онро эълон намекунанд. Темурлан Тсарнаев чаҳор рӯз баъд аз бомбгузорӣ дар дави марафонии шаҳри Бостон рӯзи 19 апрел дар даргирӣ бо маъмурони пулис кушта шуд. Дар он бомбгузорӣ, 3 нафар ҷон дода ва 264 тани дигар захм бардоштанд. Ҷавҳар, бародари хурдии Темирланро, рӯзи 19 апрел боздошт карданд, ки ӯ ҳам ба бомбгузорӣ муттаҳам мешавад. Дар сурати собит шудани иттиҳомот, мумкин аст, ӯро ба қатл маҳкум кунанд. Модарашон мегӯяд, ки фарзандонаш бегуноҳанд ва иттиҳомот алайҳи он дурӯғ аст.
XS
SM
MD
LG