Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 4 - 6-уми май баргузор мешаванд.

Ду бозии даври панҷум рӯзи шанбе, 4-уми май миёни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Ду бозии дигар рӯзи якшанбе, 5-уми май байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд - «Истаравшан»-и Истаравшан сурат мегирад.

Бозии охирини даври панҷум рӯзи душанбе, 6-уми май миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ доир мешавад.

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 3 3 0 0 12-3 9
2. «Регар-ТадАЗ» 2 2 0 0 2-0 6
3. «Энергетик» 4 1 2 1 3-3 5
4. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
5. «Хайр» 3 1 1 1 4-4 4
6. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
7. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
8. ССКА «Помир» 3 0 3 0 1-1 3
9. «Истаравшан» 3 0 2 1 0-2 2
10. «Вахш» 4 0 1 3 2-7 1
11. «Панҷшер» 3 0 1 2 3-9 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 4 гол, Бахтиёр Ҳакимов («Панҷшер») ва Юҷин Сепуйя («Истиқлол») – 2-голӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум.
Оғози бозиҳо - соати 17.00

4-уми май, шанбе.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Б. Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

5-уми май, якшанбе.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофаи ҶТ. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

6-уми май, душанбе.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ). Турсунзода. Варзишгоҳи “Металлург”. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG