Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯгоҳи атомии Туркияро ҷопониҳо месозанд


Туркия як консорсиум ба раҳбарии ширкати фаронсавии Арева ва ширкати ҷопонии Митсубиширо барои бунёди дуввумин нерӯгоҳи барқи атомӣ интихоб кардааст. Танир Йилдиз, вазири энержии Туркия рӯзми панҷшанбе гуфт, ки қарордоди байниҳукуматӣ дар ин замина рӯзи ҷумъа зимни мулоқоти нахуствазирони Туркияву Ҷопон имзо хоҳад шуд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дар мусоҳибае бо рӯзномаи иқтисодии “Никкей”-и Ҷопон гуфтааст, ки ба таҷрибаи ғании мутахассисони ҷопонӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи атомӣ дар манотиқи зилзилахез эътимод дорад. Ба гуфтаи ӯ, Ҷопон баъди фалокат дар нерӯгоҳи Фукушима, ки соли 2011 бар асари зилзила осеб дид, таҷрибаи бештар андӯхтааст. Нерӯгоҳи барқи атомии дуввуми Туркия бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт, дар вилояти Синоп дар соҳили Баҳри Сиёҳ ва бо арзиши 22 миллиард доллар бунёд хоҳад шуд. Нерӯгоҳи нахустини Туркияро Русия месозад, ки қарордод дар ин замина соли 2010 имзо шуд.
XS
SM
MD
LG