Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бодканд бояд консулгарӣ таъсис диҳанд


Таъсиси консулгарии Тоҷикистон дар вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон, аз ҷумла дар Ботканд метавонад эҳтимоли муноқиша ва ҳар гуна моҷароҳои марзиро коҳиш диҳад. Ғиёсиддин Эҳсонов - намояндаи вилояти Суғд дар Ботканд ба Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳоло танҳо дар Бишкек сафоратхона дорад, ки аз Бодканд 1100 километр дур аст: «Вуҷуди консулгарӣ ҳамчун ниҳоди дипломатӣ бо ваколатҳои расмии давлатӣ метавонад аз як сӣ дар ҳуҷҷатгузориҳои равуои қонунии мардуми ду тарафи марз ва ҳам ба ҳалли масоили ҷанҷолбарангез бо ин кишвари ҳамсоя мусоидат кунад.»Эҳсонов мегӯяд, ӯ ба ҳайси намояндаи вилояти Суғд ваколати кофие дар ихтиёр надорад.
Дар ҳамин ҳол, омбудсмени Қирғизистон Турсунбек Акун дар пайи боздид аз Душанбе ба зарурати ифтитоҳи консулгарии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд таъкид кардааст: «Ҳоло фурсате пеш омадаааст, ки Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд,ки маркази яке аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон ва бо Қирғизистон ҳаммарз аст, консулгарӣ боз кунад.»Сафорати Қирғизистон мегӯяд, консулгарӣ дар Хуҷандро то ҳол ба далели камбуди молӣ натавонистааст таъсис диҳад.
Ин пешниҳодҳо ба дунболи низоъи 27 апрел дар атрофи Ворух, як ҷазирақаламрави Тоҷикистон дар дохили Қирғизистон аст, ки мунҷар ба занозанӣ байни қирғизҳову тоҷикҳои муқими ин минтақа шуд.
XS
SM
MD
LG