Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон 8 афсари пулиси афғонро куштанд


Бар асари як бомбгузорӣ дар вилояти Лугари Афғонистон ҳашт афсари пулис кушта шудаанд. Раис Хон Содиқ, муовини сардори раёсати пулиси вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, мошини ин маъмурони пулис ҳангоми гаштзании муштарак бо нерӯҳои хориҷии ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон ба бомби худсохте дар рӯи роҳ бархӯрдааст. Толибон масъулияти ин бомбгузорӣ дар наздикии шаҳри Пули Алам, маркази маъмурии вилояти Лугарро бар ӯҳда гирифтанд. Рӯзе пештар аз ин як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистонро, ки барои ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ талош мекард, ҳамроҳ бо ду муҳофизаш дар вилояти Ҳилманд куштанд.
XS
SM
MD
LG