Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхир дар баррасии даъвои пурсарусадои Покистон


Додгоҳи Покистон судури ҳукм дар робита ба даъвои Шакил Афридӣ, табиберо ба таъхир андохт, ки гӯиё барои боздошти Усома бин Лодан ба Хадамоти Истихборотии Амрико кӯмак кардааст. Қамар Нодин, вакили дифоъи Шакил Афридӣ, рӯзи панҷшанбе ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, фарди зери ҳимояташ гуруснанишинӣ мекунад ва додгоҳ ҳукмашро рӯз 13 июн эълон хоҳад кард. Шакил Афридиро соли гузашта бар асоси қонунҳои кӯҳнаи манотиқи қабоилнишини Хайбар Пахтунхваи Покистон ба 33 соли зиндон маҳкум карданд ва вакилони дифоъаш мегӯянд, судури чунин ҳукм ғайриқонунӣ буд. Ба гуфтаи онҳо, маъмури ноҳиявӣ, ки ҳукмро содир кард, ҳақ надорад, касеро бештар аз 3 сол зиндонӣ кунад. Шакил Афридӣ ба раҳандозии маъракаи ғайриқонунии ваксинзанӣ дар шаҳри Абуттобод муттаҳам мекунанд, ки дар ташхиси Бин Лодан дар хонааш дар ҳамин шаҳр кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG