Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин додгоҳи се дӯсти боздоштшудаи Ҷавҳар Тсарнаев


Азамат Тажаяков(аз чап), диас Қодирбоев д(дар байн) ва Ҷавҳар Тсарнаев( аз рост)

Азамат Тажаяков(аз чап), диас Қодирбоев д(дар байн) ва Ҷавҳар Тсарнаев( аз рост)

Се ҷавони дигари гумонбар дар бомбгузории Бостон бори аввал ба додгоҳ эҳзор шуданд.

Онҳо ба талоши аз роҳ задани ҷараёни тафтиши таркишҳои 15 апрел дар хатти марраи Марафони Бостон, ки 3 кушта ва беш аз 260 захмӣ ба ҷо гузошт, айбдор мешаванд. Вакилони Азамат Тажаяков ва Диас Қодирбоев, ду шаҳрванди ҳарду 19-солаи Қазоқистон мегӯянд, ки онҳо дар бомбгузорӣ даст надоштанд.

Вале ҳардуро, ки дӯстони яке аз гумонбарони асосии он ҳамла Ҷавҳар Тсарнаев будаанд, ба талоши пинҳон нигоҳ доштан ва аз байн бурдани далоили шайъӣ айбдор мекунанд. Додгоҳи баъдии ин ду шаҳрванди қазоқ ба рӯзи 14 май таъйин шудааст.

Гумонбари севум – Робел Филлипос – шаҳрванди Амрикост, ки ба додани баёноти дурӯғ ба муфаттишони парвандаи ҳамлаи Бостон айбдор мешавад. Қарор аст, ки ӯ рӯзи 6 май дубора ба додгоҳ эҳзор шавад.


Диас Қодирбоев ва Азамат Тажаяков дар додгоҳ

Диас Қодирбоев ва Азамат Тажаяков дар додгоҳ

Ин се нафар ба мустақиман даст доштан дар он бомбгузорӣ айбдор намешаванд, балки ба гуфтаи тафтишот, онҳо дар пайи табодули чанд СМС бо Тсарнаев як ҷузвдон ва як компутари дастиро аз ҳуҷраи ӯ дар хобгоҳи Донишгоҳи технологии Массачусеттс дар Дормут берун бурдаанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, ин ҷузвдон(сумка)-и пуштӣ пур аз лӯлаҳои фейерворке буд, ки аз маводи тарканда холиашон карда буданд.

Ба гуфтаи мақомот, аз ин ҳуҷра як қуттӣ вазелинро ҳам берун кашидаанд, чунки Диас Қодирбоев гумон дошт, ки он ҳам метавонист “барои сохтани бомб” истифода шавад. Муфаттишон мегӯянд, Қодирбоев ва Тажаяков ин ҳамаро ба манзили худ бурдаанд ва сипас Қодирбоев онҳоро дар қуттии ахлот пардофтааст. Пулис баъдан он ҷузвдонро аз партовгоҳ пайдо кард.

Асноди додгоҳӣ мегӯянд, ки Тсарнаев ҳанӯз як моҳ қабл аз бомбгузории Бостон ба Қодирбоев ва Тажаяков гуфтааст, ки чӣ хел сохтани бомбро медонад.
Ҷавҳар Тсарнаев, ки низ 19 сол дорад, рӯзи 19 апрел дар пайи тирандозӣ бо пулис дастгир шуд, то ҳол дар бемористон захмҳояшро муолиҷа мекунад. Бародари 26-солаи ӯ Темурлан Тсарнаев дар ҷараёни даргирӣ бо пулис кушта шуд. Модари онҳо Зубайдат Тсарнаева мӯътақид аст, ки итттиҳоми даст доштан дар бомбгузорӣ алайҳи фарзандони ӯ дурӯғ аст.

Азамат Тажаяков ва Диас Қодирбоев баъди ҳамлаи Бостон ибтидо аз сӯи мақомоти муҳоҷирати Амрико бо гумони нақзи визаҳои донишҷӯияшон боздошт шуданд. FBI- Идораи федеролии тафтишот – мегӯяд, ҳарсе гумонбаре, ки айбномаашон рӯзи чоршанбе эълон шуд, ҳамсабақони Ҷавҳар Тсарнаев дар донишгоҳи Массачусеттс мебошанд.

Роберт Стал – вакили мудофеъи Қодирбоев баъди мурофиаи рӯзи чоршанбе гуфт, муваккили ӯ рабте бо қасди бомбгузории Бостон надорад: “Диас Қодирбоев иттиҳомотро комилан радд мекунад. Тавре мо аз оғоз мегуфтем,. Ӯ ба FBI дар ин тафтишот кумак кардааст. Ӯ танҳо аз хушунатҳо дар Бостон мисли соъири мардум таккон хӯрда, ба даҳшат омада буд. Ӯ намедонист, ки ин нафар (Тсарнаев) дар ин бомбгузорӣ даст дошт. Ӯ дертар инро дарк кард.” Ҳарлан Протасс, вакили Азамат Тажаяков низ гуфт, ки муваккили ӯ ҳам ба таркишҳои Бостон рабт надорад.

Бино ба хабарҳо, дар сурати ба гарданашон дайн шудани иттиҳомоти эълоншуда, Қодирбеков ва Тажаяков ҳадди аксар метавонанд то 5 сол маҳкум ба зиндон ва 250 000 доллар ҷарима шаванд. Ҳиллипосро метавонанд то 8 сол равонаи зиндон карда, низ 250 000 доллар ҷарима банданд.


Ҷавҳар Тсарнаев - гумонбари асосӣ дар таркишҳои Бостон

Ҷавҳар Тсарнаев - гумонбари асосӣ дар таркишҳои Бостон

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки зиндагии Қодирбеков ва Тажаяков то муҳоҷираташон ба Амрикоро таҳқиқ кардааст, менависад, ки онҳо дар мактабҳои мӯътабари Алма-Атову Остона таҳсил кардаанд. Як хешованди наздики Диас Қодирбоев бидуни бурдани ном гуфтааст, ки ӯ як ҷавони орому хушмуомила ва дидадаро буд, ки метавонист ба кумаки ҳар кас бирасад. Ӯ хешовандашро қурбонии “бозиҳои сиёсӣ” ба қалам дода, гуфтааст, ки модари Диас алакай ба Амрико рафтааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, падару модари Диас ҳанӯз дар овони кӯдакии ӯ ҷудо шуданд. Диас бо модараш монд, вале ҳамеша бо падараш тамос дошт ва бо падарандараш низ забон ёфта буд. Ӯ афзудааст, ки Диас мошинро дӯст медошт, шеър менавишт ва тарона мехонд , вале ҳеҷ алоқае ба масоили мазҳабӣ надошт.

Олдиёр Қодирбоев, писарамаки Диас низ ба Озодӣ гуфт, ки ӯро барои нақзи қоидаҳои виза боздошт кардаанд, вале он ҳама чизи дигаре ки дар ахбор мегӯянд, боварнокарданист. Ӯ афзуда, ки Диас Қодирбоев бо хатми мактаби “Архимед” дар Алма-Ато худаш барои идомаи таҳсил Донишгоҳи технологии Массачусеттсро интихоб карда буд.

Аммо қабл аз “Архимед” Диас Қодирбоев дар як мактаби дигари низ мӯътабари физикаву математикаи Алма-Ато таҳсил мекардаанд. Дар ин мактаб ба Озодӣ гуфтанд, ки ӯро ба иллати баҳоҳои пасташ аз ин муассиса хориҷ кардаанд. Юрий Довгал- муовини мудири ин мактаб гуфт, Диас Қодирбоев аз фаннҳои асосӣ – алгебраву физика ва геометрия – баҳои 3 дошт ва аз ин рӯ, дар соли 2009, баъди хатми синфи 9 ӯро хориҷ карданд. Аммо Архимед Исҳоқов, мудири мактаби “Архимед”, ки Диас Қодирбоев соли 2011 хатм кардааст, аз ҳар навъ шарҳ дар қиболи ин шогирди собиқаш худдорӣ кардааст.

Азамат Тажаяков дар шаҳри Атирау, ки “пойтахти нафтӣ”-и Қазоқистон хонда мешавад, ба дунё омада, аз синфи 7 дар Остона дар мактаби мӯътабари “Мирас” таҳсил кардааст. Падари Азамат – Амир Исмагулов, ки дар Атирау ба сар мебарад ва соҳибкору вакили маҷлиси шаҳрӣ низ будааст, ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, ба дунболи боздошти писараш ба Амрико рафтааст.

Масъулони мактаби “Мирас” аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бидуни иҷозати “Бунёди Назарбоев” барои шарҳи ин масъала ҳозир нестанд. Вале як шогирди ин мактаб ба шарти набурдани исмаш ба Озодӣ гуфт, ки Азамат Тажаяков хеле хуб футбол бозӣ мекард ва узви дастаи яккачини мактаб буд. Ӯ мегӯяд, Азамат дӯсти зиёд дошт ва омода буд, ба кумаки ҳар кадоми онҳо бирасад.

Як ходими мактаб гуфт, Азамат Тажаяков хуб таҳсил мекард, вале аълохон набуд ва аз хонандагони дигар зиёд фарқ намекард. Вале ӯ ҳам шогирди собиқашро хушахлоқ ва ҷӯрабоз муаррифӣ мекунад. Арзиши ҳар соли таҳсил дар мактаби “Мирас” 2,5 миллион тага, муодили 17 000 доллар, буда, дар он танҳо фарзандони афроди сарватманд таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG