Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгари русро ба Қирғизистон роҳ надоданд


Ба Александр Князев яке аз таҳлилгарони шинохтаи рус дар Осиёи Марказӣ иҷоза надодаанд, ки ба Қирғизистон ворид шавад. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Александр Князевро бо “сабабҳои муайян” аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум кардаанд. Александр Князев рӯзи чаҳоршанбе дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки марзбонони қирғиз дар посгоҳе дар марзи Қазоқистону Қирғизистон ӯро ба кишварашон роҳ надоданд ва сабабашро ҳам нагуфтанд. Александр Князев, ки чанд сол боз қонунӣ дар Қирғизистон зиндагӣ мекард, мегӯяд, ки роҳ надодани ӯ ба кишвар ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ба фаъолиятҳои касбиаш иртибот мегирад. Князев пайваста аз сиёсатҳои ҳукумати Қирғизистон интиқод мекард ва соли 2009 дар назди хонааш дар Бишкек латукӯб ҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG