Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбони афғон ва покистонӣ бо ҳам ҷангиданд


Дар даргирии шашсоата миёни марзбонони афғон ва покистонӣ дар як минтақаи баҳсбарангезӣ марзӣ, як марзбони афғон кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти вилояти Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, марзбонони афғон як посгоҳи марзиро, ки чанде пеш Покистон дар наздикии Хати Дуранд сохта буд, вайрон карданд. Хати Дуранд, хати марзи миёни Афғонистону Покистон аст, ки Бриитониё дар асри 19 таъйин кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Покистон дар даргирӣ, ки субҳи рӯзи панҷшанбе ба поён расид, се сарбози онҳо ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам мекунанд. Мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ки посгоҳ дар қаламрави онҳо сохта шудааст ва бояд бардошта шавад. Хати Дурандро Покистон ҳамчун хати эътирофшудаи марзӣ медонад. Афғонистон онро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG