Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон, ки таҳқиқи афкори умум дар масоили сиёсӣ кам сурат мегирад, ба сахтӣ метавон муайян кард, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ то чӣ ҳад ба сиёсат майл доранд.

Аз нигоҳе ба мӯҳтавои матбуоти дохилӣ дар Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки дар кишвар ҳама сиёсатзада шудаанд, чун аксарияти сармақолаҳои рӯзномаҳо доир ба аҳзоб, раҳбари ҳизбе ё интригаҳои сиёсӣ сӯҳбат мекунанд.

Вале ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, чунин бардошт аз матбуоти дохилӣ, ки муштариёнашон дар кишвари 8-миллионнафарӣ ба 20 ҳазор нафар ҳам намерасад, дуруст нест, чун воқеъияти ҳол дар Тоҷикистон дигар аст. Мардуми оддӣ ҳамчунон саргардони кору зиндагии хешанд ва барояшон чандон муҳим нест, ки раиси кадом ҳизб чӣ мегӯяд, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кай ҳаст ва дар он кӣ ширкат мекунад?

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, мардуми Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ ранҷу маҳрумиятҳои зиёде кашид ва бо хотимаи он ҳам ба зиндагии шоиста нарасид, эҳсоси бегонагӣ ва ноумедиву яъс аз ҳукумат дорад, чун шароитро барои расидан ба орзуву омолҳои сиёсиву иқтисодияш фароҳам накардааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, майли мардум ба сиёсат дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои гузашта ба таври чашмгир зиёд нашудааст ва мардум ин корро бар ӯҳдаи аҳзоби сиёсӣ гузоштаанд: «Дар айни ҳол, фаъолияти сиёсӣ бештар дар шакли таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ин ё он ҳизб зоҳир мешавад. Ин ҳам ҳам як тариқаи фаъолияти сиёсист. Дигар мардум гирифтори кору бори худ аст, чун овора шудан ба масоили сиёсиро дар шароити ҳозира ба ҳамин ҳизбҳо вогузор кардааст.»

Дар воқеъ чунин аст, мегӯяд Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ғайриҳукуматии «Рушд» дар вилояти Хатлон, ки бо созмонаш барои демократисозии ҷомеа кор мекунад. Ӯ меафзояд, вақте мардум сари пайдо кардани қути лоямут фикр мекунанд, «сиёсатро ба давраҳои баъдтар мегузоранд.»

Ба гуфтаи Юсуф Маҳмадов, дигар сабаби коҳилии сиёсӣ, тафаккури шаклгирифта аз замони шӯравии собиқ аст, ки ҳанӯз ҳам аз зеҳни мардуми миёнаву бузургсоли Тоҷикистон зудуда нашудааст: «Аз сабаби онки мардум дар замони шӯравӣ ҳам дар қабули қарор аслан ширкат намеварзид, махсусан мардуми қаторӣ. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ба ҷойи онҳо бояд дигарон фикр кунанд, ин кори онҳо нест. Дар бисёри сӯҳбатҳо мешунавем, ки мегӯянд, мо бо сиёсат сару кор надорем. Ҳатто бисёри ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамин ақидаро иброз медоранд, ки мо ба сиёсат кордор шудан намехоҳем.

Айни замон ба гуфтаи Юсуф Маҳмадов, дар гурӯҳҳои маҳдуде ва бахусус дар шаҳрҳо аз ҳоло дар бораи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ сӯҳбат мешавад ва мардум ақидаву норизоиятии худро нисбат ба сиёсатҳо баён мекунанд, ҳарчанд аз сӯҳбати ошкор метарсанд. Ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, мумкин аст, бо наздиктар шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки қарор аст, моҳи ноябр баргузор шавад, оммаҳои васеъ дар баробари кору зиндагӣ, дар бораи сиёсату номзадҳову интихобот ҳам сӯҳбат кунанд.

Музаффар Олимов, ҷомеашинос ва мудири Маркази назарсанҷии «Шарқ», низ мегӯяд, хатост, агар бигӯем, ки дар умум ҷомеаи Тоҷикистон аз назари сиёсӣ карахт аст. Ӯ эълон дар бораи таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав»-ро «давидани хуни нав дар рагу пайи авзоъи сиёсии кишвар» хонд ва аз таҷлили пурсарусадои чиҳилсолагии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ Музаффар Олимов, мудири Маркази назарсанҷии "Шарқ"

Музаффар Олимов, мудири Маркази назарсанҷии "Шарқ"

баёнгари ҳузури мардум ба сиёсат ҳаст: «Дар атрофи маъракаҳои дар пешбуда, баҳсу мунозираҳо, баъзе мақолаҳо, баъзе фикрҳо ҳаст, барои ҳамин гуфтан, ки гӯиё ҳама хомӯш бошад, аз рӯи мантиқ нест.»

Бар асоси назархоҳиҳои ангуштшумори то кунун анҷомшуда дар Тоҷикистон, бахши зиёде аз мардум, доир ба аҳзоби сиёсӣ ҳарфҳое шунидаанд, вале аз барномаҳои онҳо хабаре надоранд. Аз ҷумла ба гуфтаи Музаффар Олимов, як назарсанҷии онҳо дар охири соли гузашта нишон додааст, ки мардум бештар дар бораи Ҳизби Халқии Демократӣ, Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ, се ҳизби умдаи кишвар огаҳӣ доранд, вале дар бораи 5 ҳизби дигар камтар медонанд.

Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло, ҳоло таваҷҷӯҳи мардум ба сиёсат ба ҳадде нест, ки ҳадафи он эҷоди тағйир дар ин ё он арса бошад, зеро мардум айни ҳол бо вуҷуди камиву костӣ таваққӯъи зиёдтаре аз зиндагӣ надоранд:

"Таваҷҷӯҳашон ба сиёсат ҳамин қадар аст, ки инъикоси тибқуласли вазъи умумии сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад. Аълои аъло набошад ҳам, ниҳоят бад ҳам нест, чун мардум ба ин ё он шакл, ризқу рӯзии худро ёфта ва ҳоло дар ҳамин сатҳ розӣ ҳастанд, чун имрӯз талаботашон ба сатҳи зиндагӣ нест."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG