Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Kont Investment Bank» иртиботаш бо Занҷониро рад мекунад


Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Як масъули намояндагии «Kont Investment Bank» мегӯяд, ин ниҳод ба Бобаки Занҷонӣ рабте надорад.

Сангин Раҷабов - сардори Департаменти ҳуқуқии намояндагии «Kont Investment Bank» дар Душанбе рӯзи 2 май ба Озодӣ гуфт, ин бонк ба шаҳрванди Эрон Муртазо Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ иртибот надорад. Ба гуфтаи Раҷабов, тақрибан як моҳ қабл онҳо аз муассиси худ - ширкати «Kont Investment Bank»-и Туркия нома дарёфт кардаанд ки бонки онҳо ба Муртазо Бобаки Занҷонӣ рабт надорад ва дар ин бора расман Бонки миллии Тоҷикистон вадигар ниҳодҳои масъули ин кишварро низ дар ҷараён гузоштаанд.

Масъулини «Kont Investment Bank» мегӯянд, бонки онҳо муассиси ширкатҳое, чун «Asian Express Airline», «Asian Express” низ нест ва танҳо ин ширкатҳо маоши ходимони худро аз тариқи «Kont Investment Bank» ба кортҳои бонкии онҳо интиқол медиҳанд.

Қаблан раиси намояндагии «Kont Investment Bank» мегӯяд, бонки онҳо ба таври маъмулӣ фаъолият дорад ва ҳанӯз активҳо ё худ дороиҳояш таҳрим нашудаанд. Файзулло Солеҳов ба Озодӣ гуфт, то кунун аз ҳеҷ ҷонибе дар мавриди қатъ шудани дороиҳои намояндагии бонк дар Душанбе хабаре дарёфт накардааст: «Бонки мо тибқи низоми маъмулӣ фаъолияти худро идома дода истодааст», - афзуд раҳбари дафтари «Kont Investment Bank» дар Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки Раёсати назорат ба сармояҳои хориҷӣ дар назди Вазорати молияи Амрико дороиҳои шаш ширкат ва як нафарро дар робита ба дастури раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз гардиш нигоҳ дошт, ки яекаш ҳамин Kont Investment Bank будааст.

Бино бар ин дастур, Иёлоти Муттаҳида бояд аз гардиши дороиҳое, ки ба густариши силоҳи қатли ом рабт доранд, пешгирӣ кунад. Дар гузориши Реестри Федеролии ИМА, ки 1-уми май нашр шуд, омадааст, ки чунин таҳрим нисбати Kont Investment Bank, марказаш дар шаҳри Душанбе, ҷорӣ гаштааст. Муассиси ин бонк ширкати Kont Kosmetik мебошад, ки дар Туркия сабтином шуда ва сармояи он дар ИМА низ зери таҳрим меафтад.

Kont Investment Bank ба миллионери эронӣ Муртазо Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дошта, дар соли 2011 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Занҷониро расонаҳои эронӣ «даллоли бузурги нафт» ва «падархонди иқтисоди Эрон» меноманд, ки то ба қудрат расидани Маҳмуди Аҳмадинажод як нафари умуман номаълум буд. Бино бар иттилои манобеи интернетӣ, Занҷонӣ зодаи Теҳрон, аммо табааи Дания буда, фаъолияти 64 ширкати худро дар Туркия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ҳамчунин расонаҳои эронӣ Занҷониро ба сирқати 300 миллион доллар муттаҳам мекунанд, ки чанд сол пеш аз фурӯши нафти Эрон ба даст овардааст.

Ба ғайр аз ин бонк Занҷонӣ ҳамчунин соҳибимтиёзи ширкатҳое,чун «Asian Express Airline», Kont Building, «Asian Express” ном бурда мешавад ва Терминали автобусҳои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) ва Маркази тиҷоратии Душанбе (Dushanbe City Center) аз тарҳҳои марбут ба ин ширкатҳо ба шумор меоянд. Ҳоло маълум нест, ки таҳримҳои нави ИМА зидди Kont Investment Bank ба дӯши ҳукумати Тоҷикистон чӣ вазифаеро хоҳанд гузошт . Ин дар ҳолест, ки аксари ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар Тоҷикистон тавассути порлумони ин кишвар аз пардохти андоз ва боҷу хироҷи гумрукӣ озод шудаанд.

Амрико ҳамчунин зидди ду ширкати Малайзия, як корхонаи Имороти Муттаҳидаи Араб, як ширкати Эрон ва шаҳрванди Эрон Муртазо Бобаки Занҷонӣ таҳрим ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG