Пайвандҳои дастрасӣ

«Облава» дар хобгоҳи устодони Донишгоҳи Кӯлоб


Намое аз шаҳри Кӯлоб.

Намое аз шаҳри Кӯлоб.

Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 2-юми май дар хобгоҳи устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, аз сӯи кормандони комиссарияти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, «облава» сурат гирифтааст.

Бархе аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи ин иқдом, ки ҷалби иҷбории даъват ба Артиши миллӣ маҳсуб мешавад, 3 устоди донишгоҳ ҳоло дар комиссарияти низомӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи ин устодон, ба ҳангоми «облава» бештари устодоне, ки дар хобгоҳ буданд, аз чанголи кормандони комиссарияти низомӣ ва маъмурони ҳифзи ҳуқуқ фирор карданд, вале дар ҳаросанд, ки ба «облава» наафтанд.

Ҳамакнун се устоде, ки аз тариқи "облава" дастгир шудаанд, устодонеанд, ки муддати се соли ахир дар факултаи иқтисоди донишгоҳи Кӯлоб ба донишҷӯён дарс мегуфтанд.

«Боздошт» -и ин устодон дар ҳолест, ки онҳо аспирант ё унвонҷӯи донишгоҳ ҳастанд ва гуфта мешавад, тибқи қонун, то анҷоми кори илмиашон, аз хизмат дар Артиш озоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG