Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Бавария» ва «Боруссия» - дар финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо


Ду дастаи Олмон - «Боруссия»-и Дортмунд ва «Бавария»-и Мюнхен ба финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёфтанд.

"Боруссия" дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо 30-юми апрел аз дастаи "Реал"-и Мадриди Испания бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Голҳоро Карим Бензема дар дақиқаи 83-юм ва Серхио Рамос дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд. Бозии аввал бо ҳисоби 4:1 ба нафъи “Боруссия” анҷом ёфта буд. Бинобар ин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Боруссия” бо ҳисоби умумии 4:3 ғолиб омада, ба финал баромад.

“Бавария”дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ 1-уми май дар меҳмонӣ бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро дар нимаи дувуми бозӣ Роббен (48), Пике (72, ба дарвозаи худ) ва Мюллер (76) заданд. Дар бозии аввал низ “Бавария” дар майдони худ бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омада буд ва ҳисоби умумӣ 7:0 ба фоидаи олмониҳо шуд.

Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 25-уми май дар варзишгоҳи “Уэмблӣ”-и Лондон баргузор мешавад, дастаҳои “Бавария” ва “Боруссия” рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG