Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниш ба матолиби ВАО. Ҳамкорӣ бо "сутуни чаҳорум" ё таблиғи ҳукумат?


Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз идораву муассисаҳо хостааст, бо мақсади вокуниши сареъ ба матолиби васоити ахбори омма, шахси масъули худро муайян кунанд.

Интизор меравад, ин тасмим, ки дар робита ба фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон -- “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”, маъруф ба «фармони 622» гирифта шудааст, ба афзоиши нуфузи нашрияҳо ва шаффофияти кори ҳукумат мусоидат хоҳад кард.

Маҳмудхон Сараев, масъули Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, то ҳоло 80 дарсади ниҳодҳои давлатӣ мутасаддиёни худро барои вокуниш ба матолиби расонаҳо муаррифӣ кардаанд ва мутасаддӣ ягона нафаре хоҳад буд, ки дастгоҳ мустақим бо ӯ дар тамос мешавад ва натиҷаи корро мепурсад:

Маҳмудхон Сараев

Маҳмудхон Сараев

«Ин нафар робитаи моро бо ҳамон ниҳод ба роҳ мемонад. Масъулини соҳаҳо бояд ҳамаи васоити ахбори оммаро аз назар гузаронда, он чӣ ба соҳаи онҳо дахл дорад, таҳлил, пешниҳод ё танқидро омӯзанду вокуниш нишон диҳанд, яъне сохторҳо, шурӯъ аз раҳбар то масъулини дигар ин маводро дастрас ва таҳлил карда, бояд ҷавоб диҳанд.»

Зимнан, дар Қонуни нави матбуоти Тоҷикистон, ки моҳи март аз сӯи раиси ҷумҳур имзо шуд ва эътибор пайдо кард, моддаи наве ворид шудааст. Бар пояи он, муҳлати посухи мақомот ба муроҷиати шаҳрвандон се рӯз ва дар ҳоли зарурат ба омӯзиши иловагӣ 15 рӯз таъин шуд. Қаблан Қонуни муроҷиати шаҳрвандон ин мӯҳлатро 1 моҳ пешбинӣ мекард. Дар ин замина ба матолиб ва пурсиши намояндагони расонаҳои ҳамагонӣ низ эътибор дода мешавад.

Аммо барои ҳамвор кардани робитаи байни ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳои ахбори ом, ду дастур низ нашр шудаанд, ки дувумӣ баргузории нишастҳои хабариро дар назар дорад. Таъйини мутасаддии алоҳида барои вокуниш ба матолиби матбуот нишон медиҳад, ки ҳамоно дар ин ришта мушкилоте вуҷуд дорад. Чанде пеш муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ҳатто як нишасти вижаеро ба хотири ҳалли мушкили миёни рӯзноманигорон ва мансабдорони давлатӣ созмон дод.

Афзал Босолиев, хабарнигори телевизиони «Азия»-и ин вилоят, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, мегӯяд: «Ҳатто дар он ҷо гуфтанд, ки мансабдорони мо дар муносибат бо васоити ахбори умум дар сатҳи асри 19 ҳастанд. Асосан вокуниш ба матолиб ва ҳамкории мансабдорон бо матбуот аз сатҳи тафаккури онҳо вобаста аст. Муовини раиси вилоят ҳатто изҳор дошт, ки дар ҳолати ҳамкорӣ накардани мансабдор, рӯзноманигорон метавонанд мустақим ба худи ӯ муроҷиат кунанд.»

Дар ҳоли ҳозир вокуниш ё посухи ниҳодҳои давлатӣ ба матолиби воситаҳои ахбори ом намояндагони ин воситаҳоро қонеъ намекунад.

Олга Тутубалина

Олга Тутубалина

Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия – плюс» мегӯяд, ин нашрия тамоми вокунишҳо ва посухҳоро нашр мекунад, ба истиснои онҳое, ки аз ҳад зиёд содалавҳонаанд: «Аммо тӯли ҳамин даҳ соли охир боре ҳам вокунише нагирифтаем, ки мақомоти мавриди назар матлаби интиқодиеро дуруст шуморида, гуфта бошанд, ки мо хатоҳои худро ба гардан мегирем ва аз пайи ислоҳи он мешавем. Гоҳо хатоҳояшонро он тавр иқрор мешаванд, ки воқеан ҳастанд, аммо ҷузъӣ, вале дар кул ҳама гулу гулзор, олам гулистон аст. Барои он наменависанд, ки соҳа мушкил надорад, балки барои он ки раҳбарият фикр кунад, ки вазъи соҳа хуб аст»

Иддаи дигар аз коршиносон низ бо ишора ба заъфи низоми ҳамкориҳои мақомоту матбуот мегӯянд, кӯшишҳои дастгоҳи раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷоннок кардани ҳамкории ҳукумати иҷроия бо «ҳукумати чорум» бештар кӯшиши таблиғу ташвиқи фаъолиятҳои ҳукумат аст. Ба қавли онҳо, ин ҷо як гуна таҳрик додани мақомот аз сӯи дастгоҳ ҳам буда метавонад, ки дар асл хуб медонад, вазъи кишвар ба чӣ қарор аст. Ҳамчунин ин эҳтимол зикр мешавад, ки вокуниши бештари ниҳодҳои давлатӣ ба матолиби матбуот дар ниҳояти амр ба манфиати давлат хоҳад буд, бахусус дар соли интихоботи раёсатҷумҳурӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG