Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон кушта шуд


Мансабдорони афғон мегӯянд, дар ҷануби ин кишвар як узви Шӯрои олии сулҳ ба қатл расид.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд Умар Звак мегӯяд, бар асари ҳамлаи ошӯбгарон рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Гиришк Муаллим Шоҳвалӣ, ронанда ва ду муҳофизи ӯ кушта шуданд.

Ба гуфти ин манбаъ ибтидо яке аз мошинҳои корвони Шоҳвалӣ ба мина бархӯрдааст ва сипас ошӯбгарон ӯро ҳадаф тир қарор додаанд. Шӯрои олии сулҳ соли 2010-ум бо фармони президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG