Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаҳои Эрону Узбакистон дар Лигаи қаҳрамонони AFC


Дастаҳои футболи "Бунёдкор"-и Узбакистон ва "Истиқлол"-и Эрон ба даври навбатии Лигаи қаҳрамонони Осиё ё худ AFC (AFC-Asian Football Confederation) роҳхат гирифтанд.

"Бунёдкор" дар қуваозмоии охиринаш бо "Поҳанг Стилерс"-и Кореяи Ҷанубӣ дар сафар бозиро бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом дода, соҳиби ҷойи аввал дар гурӯҳи G шуд.

Мисли он дастаи эронии "Истиқлол" бо ҳисоби як бар ҳеҷ дастаи футболи "Ал-Айн"-и Имороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуда, яке аз 16 роҳхати даври навбатии Лигаи қаҳрамонони Осиёро ба даст овард.

Дар Ҷоми AFC, мусобиқаи сатҳаш дар Осиё дувум ду дастаи футболи Тоҷикистон ширкат доштанд, вале ҳам "Равшан"-и Кӯлоб ва ҳам "Регар-ТадАЗ"- Турсунзода аз дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG