Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА муаллифи номаҳои заҳролуд ташхис шудааст


Идораи тафтишоти ИМА (FBI) мегӯяд, дар ашёи марбут ба фарди муттаҳам бо ирсоли мактуби заҳролуд ба президенти ИМА Барак Обама ва дигар мансабдорони давлатӣ нишонаҳои заҳри ритсинро пайдо кардааст.

Муфаттишони идораи тафтишоти ИМА мегӯянд, ки дар баъзе чизҳои Ҷеймс Эверет Даски ва аз ҷумла маскаи зидди чанг, дастпӯши латексӣ ва осиёби қаҳвасозӣ нишонаҳои заҳри ритсин ёфт шуд, ки аз донаҳои растании заҳролуди гардакдона истихроҷ шудааст.

Муфаттишон илова кардаанд, ки дар компютери Даски маълумот дар бораи ритсин ва хариди гардакдона ёфт шудааст. Ибтидо муфаттишон як шахси дигарро боздошт намуда буданд, вале баъд айбномаи ӯ беасос дониста шуд.

Вакили мудофиаи он шахс мегӯяд, Даски бо зерҳимояи ӯ хусумат дошт ва масъаларо тавре ташкил карда буд, ки на Даски, балки ин фард муаллифи номаҳои заҳролуд шинохта шавад.
XS
SM
MD
LG