Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳои ошӯбгарон дар Афғонистон


Дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон се сарбози британиявии зери раҳбари паймони НАТО ба ҳалокат расидаанд.

Ба қавли вазорати мудофиаи Британия рӯзи сешанбе мошини зиреҳпӯши онҳо ҳангоми гашт дар ноҳияи Наҳри Сироҷ ба маводи тарканда бархӯрдааст. Аз оғози амалиёти байналмилалӣ дар соли 2001-ум дар Афғонистон беш аз 440 сарбозу афсари Британия ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунон рӯзи сешанбе дар чанд ҳамлаи дигар 9 афғон кушта шуданд. Бар асари таркиши бомба дар ноҳияи Шоҳ Валии вилояти ҷанубии Қандаҳор 3 фарди мулкӣ кушта ва 5 каси дигар захмӣ шуданд.

Бар асари таркиши бомба дар вилояти ҷанубии Урузгон 4 афғони мулкӣ ҳалок шуда, ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар вилояти шимолии Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, дар натиҷаи таркиши бомбаи канори роҳ фармондеҳ Мирон ва ронандаи ӯ ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин ҳодиса ду афсари полис ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG