Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама боз ваъда дод, ки Гуантанаморо мебандад


 Президенти ИМА Барак Обама

Президенти ИМА Барак Обама

Президенти ИМА Барак Обама ваъдаи деринаашро такрор намуда, иброз дошт, ки дар пайи бастани зиндони низомии ИМА дар пойгоҳи Гуантанамо хоҳад шуд.

Изҳороти президенти ИМА рӯзи сешанбе дар ҳоле пахш шуд, ки тахминан 100 маҳбуси Гуантанамо гуруснанишинӣ эълон кардаанду ба ҷисми баъзе аз онҳо зӯран ғизо ворид мекунанд.

Обама аз ин иқдомаш пуштибонӣ кард ва гуфт, ӯ намехоҳад кадом яке аз ин маҳбустонро фавтида бубинад. Дар ин иртибот созмони Афи байналмилал (Amnesty International) даъват кард, ки президенти ИМА суханонашро дар амал татбиқ кунад.

Ба хотири муоинаи маҳбусони гуруснанишин ИМА ба зиндони Гуантанамо 40 ходими тиббии иловаг ӣ ирсол намуд. Зиндони Гуантанамо дар соли 2002-ум барои назорати хориҷиёни муттаҳам бо терроризм ташкил шудааст.
Ҳоло дар он 166 маҳбус нигаҳ дошта мешаванд.

Президенти ИМА барои муҳокимаи баъзе муттаҳамҳои серхатар ташкили додгоҳи низомиро тасдиқ кард, вале то ҳол ин додгоҳ ё худ трибунал фақат нуҳ нафарро муттаҳам ва ё муҷрим донистааст.
XS
SM
MD
LG