Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзномаи “Guardian”, чопи Лондон менависад, Идораи истихбороти Бритониё (MI6) низ ба таври муназзам ба Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон пул медодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳадаф аз он, нуфуз ва дастрасии бештар ба раиси ҷумҳур Карзай ва ҳалқаҳои наздик ба вай будааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл рӯзномаи Ню-Йорк Таймз низ навишта буд, Идораи истихбороти Амрико халтаҳои пули нақдро ба таври доимӣ ба Дафтари Ҳомид Карзай таслим мекардааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон низ дар ҷараёни сафари ахираш ба Финландия, ба гирифтани пули нақд эътироф намуда, гуфт, аз даҳ сол ба ин сӯ ин пулҳо ба Шӯрои амнияти миллии Афғонистон супурда шудааст.

Аммо бархе таҳлилгарон ва дипломатҳои пешин мегӯянд, аксари ин ин талошҳо барои таъмини нуфуз, ноком шуда ва ҳатто натиҷаи баръакс доштааст .
Рӯзнома «Guardian» менависад, пулҳои таҳвилдодашуда аз ҷониби Идораи истихборотии Бритониё нисбат ба пулҳои CIA камтар аст ва ин пулҳо дар бештари мавридҳо барои ташаббусҳои сулҳхоҳона масраф шудаанд.

Ямо Туробӣ, мудири назорат аз шаффофияти дар Афғонистон мегӯяд, посухи камранги Дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба ин гузориш, боиси хашми мардум шудааст: «То замоне, ки таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирад, мо намедонем, чӣ миқдор пул гирифта шуда ва барои чи масраф шудааст.»

Саид Халил Румон, ки аз соли 2002 то соли 2005 ба ҳайси муовини раиси Дафтари Ҳомид Карзай ифои вазифа намудааст, дар сӯҳбат ба Ню-Йорк Таймз гуфта буд, ки ҳадафи вай CIA набуда, балки пулҳои будааст, ки аз сӯи Эрон ба Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон дода мешуд. Халил Румон ба ин рӯзнома гуфта буд: «Мо ин пулҳоро пули арвоҳ меномидем, ба ин маънӣ ки махфӣ меомад ва махфӣ масраф мешуд.»

Манобеи огоҳ дар Кобул ба рӯзноми “Guardian” гуфтаанд, мақоми калидие, ки дар тақсим ва тавзеи пул дар Шӯрои амнияти миллии Афғонистон сару кор дошт, Иброҳим Спинзода ё инженер Иброҳим – як роздори наздики Ҳомид Карзай будааст.

Дипломатҳо дар Кобул ба рӯзномаи “Guradian” гуфтанад, пулҳое, ки аз тарафи CIA пардохт шуда, гоҳе миёни ниҳодҳои амрикоӣ дар Кобул ихтилоф эҷод мекард ва ба раҳбари идораи CIA дар Кобул кӯмак кард, то бидуни иттилоъ ё иҷозаи сафири Амрико дар Кобул, мустақиман бо Ҳомид Карзай дастрасӣ дошта бошад. Як мақоми собиқи вазорати молияи Афғонистон ба рӯзномаи “Guardian”гуфтааст: «Пуле, ки ба идораи истихборотии Афғонистон дода мешуд, дар рӯи қоғаз хеле кам аст, аммо мо медонистем, ки Идораи истихборотии Амрико ба истилоҳ "ғам"-и онҳоро ҷудогона мехӯрад.»

Манобеи огоҳ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки кӯмакҳои MI6-и Бритониё дар муқоиса ба пулҳое, ки аз тарафи CIA дода мешуд, кам будааст. Пули Идораи истихборотии Бритониё бештар барои нишастҳои сулҳ миёни ҳукумати Карзай ва миёнаравҳои Толибон масраф мешуд. Чунончӣ идораи MI6 соли гузашта як танро ба ин андеша, ки раҳбари Толибон аст, барои музокира ба Кобул овард, дар ҳоле, ки ин шахс як дукондори фиребгар аз шаҳри Куветтаи Покистон буд.
XS
SM
MD
LG