Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати қариб 270 000 шаҳрванди тоҷик дар 3 моҳи охир


Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, имсол шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистон рӯз ба афзоиш овардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар семоҳаи аввали соли равон 268 655 шаҳрвандони кишвар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки дар қиёс ба айни давраи соли гузашта 65 592 нафар зиёд мебошад.Имсол аз ҷумла 228 733 мард ва 39 922 зан аз Тоҷикистон ба хориҷ рафтаанд. Гуфта мешавад, аз ин ҳисоб 221 085 нафар, бо шумули 197 298 марду 23 787 зан маҳз ба қасди муҳоҷирати корӣ аз кишвар берун рафтаанд.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ин маълумотро тавассути таҳлили варақаҳои муҳоҷиратӣ, ки шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷа пур мекунанд, ҷамъ овардааст.
Соли гузашта, бино ба ҳисобҳо, тақрибан 1 миллион нафар аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва умдатан ба Русия сафар карда, тайи соли 2012 ба зодгоҳи худ 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари 48 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG