Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни гурдаро дар Косово ба додгоҳ кашиданд


Додситонҳои аврупоӣ ҳашт муттаҳамро дар иртибот бо 23 ҳодисаи фурӯши гурда дар шаҳри Приштина таҳқиқ мекунанд.

Додситонӣ тахмин дорад, ки онҳо бо кумаки гурӯҳи байналмилалии қочоқи аъзои бадан ин амали ҷиноиро иҷро кардаанд.

Рӯзи душанбе дар ҳодисаи ҷудогона додгоҳи Косово панҷ табибро барои ширкат дар қочоқи аъзои бадан ба додгоҳ кашида, се нафари онҳоро аз озодӣ маҳрум кард.

Ду табиби боқимонда шартан аз озодӣ маҳрум шуданд. Додситонҳо мегӯянд, қочоқчиён ба мардуми камбизоати Русия, Украина, Молдова, Қазоқистон, Беларус ва Туркия барои гурдаҳояшон 15 ҳазор евро ваъда медоданд, аммо аксарият дар муқобили гурдаашон ҳеҷ маблағе дарёфт накардаанд.

Муштариёни гурда бошад, ки аксаран шаҳрвандони Исроил мебошанд, гурдаро ба маблағи 100 ҳазор доллар харидорӣ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG