Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) барои беҳтарин матолиб дар жанри таҳқиқоти журналистӣ ҷоизаи вижаи солона таъсис додааст.

Хуршеди Атовуллоҳ - сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ва раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ рӯзи 30 апрел ба Озодӣ гуфт, ин ҷоиза ба шарафи Пайванди Гулмуродзода номи ин устоди фақиди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро хоҳад гирифт.

Хуршеди Атовуллоҳ гуфт, Пайванди Гулмуродзода дар густариши жанри таҳқиқоти журналистӣ саҳми муҳим дошт: «Ин ҷоиза дар Шӯрои Маркази таҳқиқоти журналистӣ таъсис дода шуд ва нахустин бор 3 май, дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дар ҳамоиши журналистони Тоҷикистон ба муаллифи мақолаи беҳтарин дар жанри таҳқиқоти журналистӣ тақдим карда хоҳад шуд.»


Пайванди Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода рӯзи 8 апрели соли равон дар синни 56 даргузашт. Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Душанбе рафт ва соли 1978 Донишгоҳии давлатӣ (ҳоло миллӣ)-и Тоҷикистонро хатм кард. Пайванди Гулмуродзода то поёни умраш дар бахши журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дарс медод.

Феълан Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро дорад, ки ҳар сол 11 март, дар Рӯзи матбуоти тоҷик тақдим мешавад. Ду созмони дигари хабарнигории Тоҷикистон - "Медиа-Алянс" ва Анҷумани хабарнигорони форсизабон - АФРӮЗ низ ҷоизаҳои вижаи худро таъсис додаанд, ки барандагонашро маъмулан 3 май, дар Рӯзи озодии баён эълон мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG