Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маликаи Ҳолланд қудратро ба писараш супурд


 Малика Беатрикс қудратро ба писараш Вилем Александр месупорад

Малика Беатрикс қудратро ба писараш Вилем Александр месупорад

Маликаи Ҳолланд Беатрикс тоҷи қудратро ба писараш Вилем Александр тақдим кард. Рӯзи сешанбе баъди 33 соли подшоҳӣ Беатрикси 75-сола дар санади каноргузории салтанат имзо гузошт.

Вилеми 46-сола ҷавонтарин подшоҳи Аврупо ва аввалин марди подшоҳи Ҳолланд дар 120 соли гузашта аст.
Дар маросими ботантанаи интиқоли қудрат аъзои оилаҳои шоҳии Британия ва Япония ё худ Ҷопон ҳузур доштанд.
Дар Ҳолланд маросими тоҷгузорӣ вуҷуд надорад, зеро калисо аз давлат ҷудо мебошад.
XS
SM
MD
LG