Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбонони тоҷик аз ҳаводиси он сӯи марз огаҳанд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Марзбонони тоҷик мегӯянд, аз вазъи шимоли Афғонистон хуб огаҳ ҳастанд ва рӯйдодҳои он тарафи марзро пайгирӣ мекунанд

Сухангӯи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, ки марзбонони тоҷик аз вазъи манотиқи шимолии Афғонистон хуб огаҳ ҳастанд. Рӯзи сешанбе дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Раҳматуллоев афзуд:

"Раҳбарият дарак дорад, ки дар он тарафи марз чӣ мегузарад. Дар тарафи мо( Тоҷикистон) ҳама чиз ором аст."

Номбурда бо ишора ба сирри давлатӣ аз тафстилоти бештар худдорӣ кард. Рӯзи душанбе дар шаҳри Бишкек ҳангоми мулоқоти дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанҳай Мусулмонқул Табалдиев дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ки вазъ дар шимоли Афғонистон ноором буда, имкон дорад, ки Осиёи Марказиро ҳам ноором кунад.

Табалдиев ба ҷангҳо дар вилояти Форёби ҳаммарз бо Туркманистон ва таҷаммуи ҷангҷӯён дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишора кард.

Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ дар бораи ҷамъшавии силоҳбадастон дар вулусволии Вартучи вилояти Бадахшон, ки аз ноҳияҳои ноороми шимолу шарқи Афғонистон ба шумор меравад, гузориш дода буд.

Ахиран, мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон иттилоъ доданд, ки 40 деҳаро аз Толибон поккорӣ кардаанд. Аммо Шоҳвалиюллоҳ Адиб волии Бадахшон мегӯяд, Толибон ва аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон аз нав ба харобокрӣ дар Бадахшон рӯй овардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG