Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия дар таъмини амният ҳамкорӣ мекунанд


Президенти ИМА Барак Обама ва раҳбари Русия Владимир Путин иброз доштаанд, ки дар пайи бобмгузориҳои Бостон ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи таҳкими амниятро тавсеа мебахшанд.

Рӯзи душанбе Обама ва Путин як сӯҳбати телефонӣ доир намуданд, ки дар он раҳбари ИМА ба ҳамкории Русия дар ҳалли мушкили Бостон баҳои баланд дод. Ду муттаҳамми бомбгузории Бостон бо минтақаи Қафқози Шимолии Русия иртибот доранд.

Дар рафти амалиёти боздошт Темурлан Тсарнаев ба ҳалокат расида, бародари хурдиаш Ҷавҳар дастгир шудааст. Мансабдорони ИМА мегӯянд, дар соли 2011-ум мақомоти Русия ба ниҳодҳои амниятии ИМА хабар дода буданд, ки эҳтимол Темурлан Тсарнаев исломгарои ифротӣ шуда бошад.

Ҳамчунон Обама ва путин таъкид кардаанд, ки дар таъмини назму суботи бозиҳои олимпии зимистони соли оянда дар шаҳри Сочии Русия ҳамкорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG