Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори номзади курсии маҷлиси маҳаллии Покистон


Дар минтақаи Ҷаҳл Магсии вилояти Балуҷистони Покистон як номзад, ки барои курсии маҷлиси маҳаллӣ талош меварзид, ба қатл расидааст.

Саид Аҳмад Хон, як мансабдори баландпояи минтақаи Ҷаҳл Магсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди номуайян номзади мустақил Абдулфотеҳ ва ду нафар аз наздикони ӯро ба қатл расонданд.

Баъди куштори Абдулфотеҳ мақомоти маҳаллӣ иброз доштаанд, ки дар ҳамон ҳавза интихоботи вакbли маҷлиси маҳаллӣ ба таъхир гузошта мешавад.

Толибони Покистон таҳдид кардаанд, ки номзадҳои дунявии интихоботи парламентии 11-уми май ва тарафдорони онҳоро маврди ҳамла қарор хоҳанд дод.

Рӯзи якшанбе Толибон чанд бомбгузорӣ ташкил намуда, дар шимолу ғарби Покистон камаш 11 нафарро ба ҳалокат расонданд. Умуман, нооромиҳои ҳафтаҳои ахир ҳаёти камаш 60 нафарро аз байн бурдааст.
XS
SM
MD
LG