Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тиҷорати наздимарзии тоҷикону қирғизҳо манъ шуд


Минтақаи наздимарзии Исфара пас аз ҳодисаи рӯзи шанбе.

Минтақаи наздимарзии Исфара пас аз ҳодисаи рӯзи шанбе.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон, тоҷирони тоҷикро аз фурӯши маҳсулоташон дар бархе аз бозорҳои ин минтақа, манъ кардаанд.

Ба навиштаи торнамои "VESTIKG", дар як минтақаи марзӣ бо номи Самарқандак, бозори ҳафтаина амал мекунад, ки сокинони деҳаҳои Чоркӯҳ ва Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон маҳсулоти худро дар он ба фурӯш мегузоранд.

Ин манбаъ аз қавли мақомоти маҳаллии қирғиз менависад, ки сабаби ин тасмим, гӯё ба меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ворида аз Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё баъд аз озмоиш ошкор шудааст, ки муҳлати истеъмоли аксари ин маҳсулот хатм шуда ва ҷавобгӯи талаботи беҳдоштӣ набудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти маҳаллии қирғзи, давоми ду рӯзи ахир бинобар заҳролуд шудан 14 нафар дар бемористони минтақа бистарӣ шудаанд, ки иллати он, маҳсулоти воридаи сифати паст аз Тоҷикистон будааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, мақомоти маҳаллии Тоҷикистон ҳам дар посух сокинони манотиқи марзии Қирзистонро аз хариду фурӯш дар бозорҳои наздимарзӣ манъ карданд.

Дар ҳамин ҳол як масъули вазорати тандурустии Қирғизистон аз ин тасмими мақомоти дар Бодканд бехабарӣ карда ва ба пурсиши хабарнигорон роҷеъ ба ин мавзӯъ худдорӣ намудааст. Аммо вакили парлумони Қирғизистон Мақсад Собиров гуфтааст, ки ин тасмими мақомот ба ҳодисаи муноқиша миёни сокинони ду тарафи марз рабт дорад.

Рӯзи шанбе миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархост. Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифт.

Субҳи якшанбе ҳайъатҳои вилоёти Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон дар рустои Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара - маҳалли асосии муноқишаи рӯзи 27 апрел - музокирот карда, ба дунбол бо мардум низ мулоқот оростанд ва ҳамаро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG