Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон


Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон, ки аз 16-ум то 27-уми апрел дар манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуданд, бо пирӯзии варзишгарони Душанбе хотима ёфтанд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ”аҳдофи аслии Бозиҳои варзишии наврасон тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, муайян намудани чеҳраҳои нави варзиш ва ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохил кардани онҳо буд.»

Дар се марҳилаи Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор наврасон ширкат доштанд. Марҳилаи ниҳоии Бозиҳо аз рӯи 8 намуд: бокс ва варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, вазнабардорӣ дар Чкаловск, гуштии озод дар Кӯлоб, гуштии юнониву румӣ дар Истаравшан, дзюдо дар шаҳри Ваҳдат, самбо дар Қӯрғонтеппа ва таэквон-до (ВТФ) дар шаҳри Турсунзода барпо гардиданд.

Ғолибону ҷоизадорони бозиҳо дар намудҳои алоҳида бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 бо касби 35 медали тилло, 17 нуқра ва 18 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Хатлон-1, минтақаи Кӯлоб бо касби 21 медали тилло, 9 нуқра ва 25 биринҷӣ дувум ва дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ бо касби 18 медали тилло, 16 нуқра ва 19 биринҷӣ севум шуданд.

Дар ҷойҳои минбаъда дастаҳои зерин қарор гирифтанд: 4. Суғд – 16 медали тилло, 22 нуқра ва 30 биринҷӣ. 5. Хатлон-2, минтақаи Қӯрғонтеппа – 10+14+32. 6. Душанбе-2 – 5+12+16. 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 4+15+16. 8. Ноҳияҳои водии Рашт – 1+2+1.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23-юми май дар шаҳри Душанбе доир мешавад, мукофотҳо супурда хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев ғолибони Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар дар Бозиҳои III варзишии наврасони Авруосиё, ки аз 9-ум то 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG