Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тахриби пул Панҷакентро дар инзиво гузошт


Тахриби пул дар роҳи мошингарди Панҷакент, ҳаракати нақлиёт ба пойтахт ва вилояти Суғдро масдуд кардааст. Идораи роҳсозии ноҳияи Панҷкент рӯзи 30-юми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки дар километри 47-уми уми роҳи Панҷакент ба самти ноҳияи Айнӣ, пули калони мошингузар шоми дирӯз комилан фурӯ рафтааст, ки ноҳияи Панҷакентро феълан дар инзиво қарор додаст. Идораи роҳсозии Панҷакент ва Айнӣ убури мошинҳои борбарро мувақатан манъ карда буд, аммо дирӯз як мошини сангин гузашта пулро комилан тахриб кардааст. Ин пули калони мошингузар дар мавзеъи Киштуди Панҷакент ва деҳаи Вотаёвони Айнӣ қарор дошт. Сокинони ин деҳот мегӯянд, ки феълан дар ду тарафи пул даҳҳо мошниҳои сабукраву борбар ҷамъ шудаанд ва мунтазири таъмири пул ҳастанд.
XS
SM
MD
LG