Пайвандҳои дастрасӣ

"Барои тасмимгирӣ дар мавриди Сурия, ба далелҳои бештар ниёз дорем"


Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико.

Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико.

Чак Ҳегел, вазири дифои ИМА гуфт, Амрико ва ҳампаймонҳояш гузоришҳо дар мавриди истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро, ҳамчунон баррасӣ доранд.

Оқои Ҳегел рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, «бояд мунтазир бимонем, пеш аз он ки қазоват кунем ва дар бораи навъ ва замони вокунишамон тасмим бигирем, лозим аст, ба далелҳои кофӣ дастрасӣ пайдо бикунем.»

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, вазири дифои Амрико аз посух додан ба пурсишҳо дар мавриди мудохилаи низомии Амрико дар Сурия худдорӣ кард. Тайи рӯзҳои гузашта фишори намояндагони Амрико бар давлати Барак Обама барои дахолат дар Сурия бештар шудааст. Ин фишорҳо пас аз он афзоиш ёфтанд, ки чанд рӯз қабл давлати Амрико гузоришҳои истихборотиеро дар мавриди истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия мунташир кард. Бархе аз таҳлилҳо ва гузоришҳо аз эҳтимоли эҷоди минтақаи парвози мамнуъ бар фарози осмони Сурия ва ё бахше аз фазои он кишвар мегӯянд. Аммо мақомоти расмии давлати Амрико ҳанӯз ҳеҷ тарҳи хоси низомиро пешниҳод накардааанд.

Барак Обама рӯзи душанбе дар ҳамин маврид бо Владимир Путин, ҳамтои русии худ низ гуфтугӯ кард. Давлати Русия бар хилофи Амрико аз муттаҳидони Башор Асад ба шумор меравад. Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, раиси ҷумҳури Амрико нигаронии худро дар мавриди гузоришҳо аз «истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия», баён кардааст.

СММ ба намояндагӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чанд вақт аст аз давлати Башор Асад хостааст, то таҳқиқоти мустақили коршиносони он созмонро дар мавриди истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия қабул кунад. Аммо давлати он кишвар танҳо бо таҳқиқот дар Хон Асал дар Ҳалаб мувофиқат кардааст. Хон Асал минтақае аст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ хабарҳое дар мавриди истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ дар он мунташир шуд. Дар он замон давлати Сурия мухолифон ва мухолифони Асад, давлати Сурияро ба истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ муттаҳам карданд. Ба ҷуз Амрико, кишварҳои Бритониё, Фаронса, Исроил ва низ Қатар мегӯянд, дар Сурия аз аз силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст.

Ҷанги дохилӣ дар Сурия ду сол аст, ки идома дорад ва бо вуҷуди кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар дар он, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тарафҳои даргир ҳанӯз натавонистаанд барои поёни он роҳи ҳалле пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG