Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай тасдиқ кард, ки аз CIA пул гирифтааст


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай тасдиқ кард, ки маъмурияти зери раҳбарии ӯ аз Идораи марказии кашфи ИМА (CIA) CIA.

Ахиран рӯзномаи Нюйорк Таймс мақолае навишта, исрор меварзид, ки дар давоми даҳ соли гузашта идораи марказии кашфи ИМА ба идораи президент Карзай даҳҳо миллион доллар пули нақд тақдим кардааст.

Рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон президент Карзай гуфт, ки воқеан дар давоми даҳ соли гузашта маъмурияти зери раҳбарии ӯ аз идораи марказии кашфи ИМА даҳҳо миллион доллар дастрас намудааст, ки барои кумак ба беморону маҷрӯҳон ва дигар корҳои хайр масраф шудааст.

Ба навиштаи Нюйорк Таймс ин пул мебоист барои афзоиши нуфузи идораи марказии кашфи ИМА харҷ шавад, вале дар амал он боиси тавсеаи фасод, тақвияти ҷангсолорон ва халалдор шудани стратегияи беруншавии ИМА аз Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG