Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони собиқ шӯравӣ муттаҳид мешаванд


Иштирокчиёни Форуми Ереван

Иштирокчиёни Форуми Ереван

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон зери раҳбарии ходими Бонки миллии Тоҷикистон Наҷмиддин Абдураҳмонов дар Форуми ҷавонони Аврупову Осиё (Евраазийский Форум) иштирок кардааст.

Дар ин нишасти солонаи байналмилалӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар пойтахти Арманистон-шаҳри Ереван доир гашт, масъалаи ҳамоиши ҷавонон дар қаламрави собиқ шӯравӣ баҳсу баррасӣ шудааст.

Иштироккунандагони нишаст ба мувофиқат расидаанд, ки Ҳаракати милии Аврупову Осиёро ташкил намоянд. Андраник Никогосян, ки раҳбари ин форум интихоб шудааст, умед дорад, ки ин ҷунбиш ба ҳамоиши ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ кумак хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG