Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин тӯйи ҳамҷинсбозон дар Қазоқистон


Крис ва Каролина( Акс аз сомонаи маҳаллии Vox Populi)

Крис ва Каролина( Акс аз сомонаи маҳаллии Vox Populi)

Дар Қазоқистон барои аввалин бор ду зани ҳамҷинсбоз тӯйи арӯсӣ барпо кардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, арӯсии Крис ва Каролина дар шаҳри Қарағанда бо мурооти тамоми русуми тӯёна, аз ҷумла бо лимузинҳову шаробу шампан ва даъвати меҳмонон сурат гирифтааст. Аммо ин ҷуфти нав ақди никоҳи худро расман сабти ном накарданд, чунки дар Қазоқистон чунин никоҳ муҷоз нест.

Тӯйи арӯсии Крис( Кристина)-и 18-сола бо Каролинаро, ки 30 сол дорад, Владимир Корнаковский, яке аз раҳбарони ҷунбиши ҳамҷинсбозони Қарағанда ташкил кардааст. Корнаковский ба сомонаи NUR.KZ гуфтааст, “никоҳи ҳамҷинсонро дар кишвари мо бояд қонунӣ кард, чунки ҳамҷинсбозон низ мисли дигарон одаманд ва мехоҳад дар муҳити қонунӣ зиндагӣ кунанд.”

Гуфта мешавад, Крис ва Каролина аслан дар Остона ба сар мебаранд ва дар пойтахт як ширкати фурӯши манзил ва амволи ғайриманқул доранд. Каролина то издивоҷ бо Крис як маротиба шавҳар кардаанд.

Ин ҷуфти нав ба NUR.KZ гуфтааст, ки онҳо алакай якуним сол боз зиндагии муштарак доранд ва ду кӯдак – як духтари 9-сола ва як писари 2-соларо тарбия мекунанд. Онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд боз фарзанд дошта бошанд, Дар посух ба ин суол ки оё бо кадом роҳ?, Каролина гуфтааст, ки шояд аз роҳи ҳамли сунъӣ (ЭКО) истифода кунанд. Онҳо гуфтаанд, “парвои фикри ҷомиаро надоранд ва танҳо мехоҳанд, ки мардум моро ҳамчун як ҷуфти муқаррарӣ қабул кунад.”

Феълан дар 14 кишвари дунё ва дар чанд аёлати Амрико никоҳи ҷуфтҳои ҳамҷинсро иҷозат медиҳанд. Аввалин шуда Ҳолланд дар соли 2001 чунин никоҳҳоро қонунӣ кард. Охирин кишваре ки никоҳи ҳамҷинсбозонро қонунӣ кард, Фаронса буд, ки парлумонаш рӯзи 24 апрел ин қонунро тасвиб кард. Вале ин иқдом, ки аз ҷумлаи ваъдаҳои интихоботии раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд буд, ба мавҷи эътирозҳо дар ин кишвар рӯбарӯ шуд.

Нахустин тӯйи арӯсии ду зани ҳамҷинсбоз дар Қазоқистон низ дар ҷомиаи ин кишвар вокунишҳои зиддунақизе ба бор овардааст. Тавре аз баҳси гарми ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, як гурӯҳ бар инанд, ки дар Қазоқистон мушкилоти ҷиддитар аз масъалаи ҳамҷинсбозон камтар нест ва беҳтар аст, агар матбуот ба мушкилоте, чун фасод, даст бизанад ва ин ҷуфти, ба ақидаи онҳо, “бечора”-ро ба ҳоли худ гузоранд. Аммо гурӯҳи дигари муҳофизакор роҳ кушодан ба никоҳи ҳамҷинсбозонро зарба ба суннатҳои ҳаёти хонаводагӣ дар Қазоқистон хонда, гуфтаанд, ки ин мухолифи ҳам арзишҳои мазҳабии мардум ва ҳам нақзи қонуни Қазоқистон дар бораи никоҳ ва оила аст, ки дар таҳрири соли 2011-аш никоҳи ҳамҷинсбозонро манъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG