Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии хушҳолкунандаи ҳавошиносони тоҷик


Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, ҳавои дилгиркунандаи боронӣ, ки тақрибан як ҳафта боз идома дорад, то ду рӯзи дигар офтобӣ хоҳад шуд. Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар торнамои худ гуфтааст, ки сар аз рӯзи 1-уми май ҳарорат аз ҷумла дар Душанбе аз 20 то 22 дараҷа боло меравад. Дар вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар ҳарорат то рӯзи 4 май то 26 дараҷа боло хоҳад рафт. Дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ҳарорат то рӯзи 3 май ба марзи 24 дараҷа наздик хоҳад шуд. Як ҳафта боз аст, ки дар гӯшаҳои мухталифи кишвар беист борон меборад ва ҳарорат ҳам аз 20 дараҷа боло нарафтааст, ки барои Тоҷикистон дар моҳи апрел ғайримуқаррарист.
XS
SM
MD
LG