Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон теъдоди занон ҳамчунон кам будааст


Бар тибқи омори тозаи расмӣ, соли гузашта сари ҳар 100 мард дар Тоҷикистон 98,1 зан рост меомад, чун теъдоди занон дар кишвар ҳамчунон аз мардон камтар буд. Дар нашрияи Демографияи Солонаи Оҷонси давлатии омор, ки ба тозагӣ нашр шуд, омадааст, соли 2012 дар теъдоди мардон дар Тоҷикистон тақрибан 4 миллион нафарро ташкил медод ва 76 ҳазор нафар бештар аз теъдоди занон, ки ҳиссаи онҳо дар таркиби аҳолӣ андаке бештар аз 3 миллиону 865 ҳазор нафар будааст. Агар омори оҷонсӣ дуруст бошад, дар Тоҷикистон аз соли 1959 то соли 1996 теъдоди занон назар ба мардон бештар будааст. Бахусус соли 1959 сари ҳар мард дар Тоҷикистон 105,3 зан рост меомадааст, вале ин тавофут ба тадриҷ дар солҳои баъдӣ коҳиш ёфта ва дар ниҳоят соли 1997 теъдоди мардон дар Тоҷикистон бештар шудааст. Дар соли 1999 ба гуфтаи Оҷонси омори Тоҷикистон сари ҳар 100 мард дар кишвар 99,9 зан рост меомад. Омори ҷолиби дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон соли 2012 теъдоди аҳолии шаҳрнишин 44 ҳазор нафар афзуда ба 2 миллиону 64 ҳазор нафар расидааст. Вале ҳанӯз ҳам бештар аз 70 дар сади аҳолии кишвар, яъне 5 миллиону 742 ҳазор нафари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2012 андаке бештар аз 7 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG