Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев мегӯяд, ҷанҷол дар марз ба хубӣ ҳал шуд


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, муноқишаи ахири қирғизҳову тоҷикон дар марз баёнгари ҳамкориҳои бештар барои ҳалли масоили марзист. Алмосбек Отамбоев, рӯзи душанбе дар нишасти дабирони кулли Шӯрои Амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкек, ба муноқишаи сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ишора кард. Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар миёни ду тараф бар сари бунёди роҳ дар як минтақаи баҳсбарангези марзӣ, моҷаро сар зад, ки дар натиҷа чаҳор корманди милисаи тоҷик ва 12 қирғизи дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли ин масъала “намунаи олии ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро” нишон доданд.
XS
SM
MD
LG