Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созандагони Ватан" латтукӯби ду сохтмончӣ дар Хоруғро маҳкум кард


Созмони ҷавонони «Созандагони Ватан» бо пахши як баёния дар шабакаи иҷтимоии Файсбук, латтукӯби Алишер Чақалов, коргари яке аз сохтмонҳо дар Бадахшонро маҳкум намуда, аз сохторҳои интизомӣ хоҳиш кардааст, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд.

Рӯзи 23-юми апрели соли равон дар шаҳри Хоруғ гуруҳи номаълум ба ду нафар ронандаи ҷавон, ки дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ машғули кор будаанд, дарафтода, яке аз онҳо Алишер Чақаловро сахт латукӯб кардаанд.

Созмони «Созандагони ватан» ҳамзамон аз ҷавонони Бадахшон даъват карданд, ки нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз онҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ истифода кунанд.

Ба нақли яке яке аз ҷавонони ҷабрдида Рустам Тошмуродов, онҳо ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом бо мақсади шустушӯй ба ҳаммом равона мегарданд. Дар роҳ гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён, пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавон ҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашонанд. Баъди бозгашт, тахминан наздики соати 21, вақте аз пеши ҳамин гурӯҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавон Алишер Чақаловро сахт латтукӯб мекунанд.

Дар баёния зикр шудааст, ки ин бори аввал нест сохтмончиёне, ки ба Бадахшон сафарбар мешаванд, аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд. Созмони «Созандагони Ватан» қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG