Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳои Ироқ даҳҳо нафар кушта шуданд


Бар асари се бомбгузорӣ дар ду шаҳри шиъанишини Ироқ дасти кам 16 нафар кушта ва 35 тани дигар захмӣ шудаанд. Инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Амора дар ҷануби Ироқ 9 нафар кушта ва 20 тан захмӣ бар ҷой гузоштааст. Дар айни ҳодиса дар шаҳри Девония 7 нафар куштаву 15 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳеҷ касе масъулияти ин бомбгузориҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳамлаҳои идомаи хушунатҳоест, ки баъди муноқишаи сунниву шиъаён дар шимоли Ироқ шурӯъ шуд. Аз он замон то кунун ҳамлаву бомбгузориҳо дар саросари Ироқ бештар аз 200 нафар кушта шудаанд. Сунниҳои Ироқ аз моҳи декабр ба ин тараф эътироз доранд, ки ҳукумати ба раҳбарии шиъамазҳабон онро табъиз мекунад. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, муноқиша дар Сурияро сабаби хушунатҳои ахир хонда ва гуфтааст, “боди фирқагароӣ” аз онҷо ба кишвари ӯ мевазад.
XS
SM
MD
LG