Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Ҷопону Русия баъди 10 сол


Қарор аст, имрӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, дар шаҳри Маскав мулоқот мекунад, ки нахустин мулоқоти раҳбарони ҳарду кишвар дар як даҳсолаи ахир аст. Дар мулоқот, баҳси қаламрав миёни Ҷопону Русия баррасӣ мешавад, ки бинобар он ду тараф баъди хатми Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум то кунун аҳдномаи сулҳро имзо накардаанд. Қаламравҳои баҳсӣ, Ҷазираҳои Курил дар Русия аст, ки онро Қаламравҳои Шимолии Ҷопон меноманд ва Русия баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум онро аз они худ кард. Путин ва Шинзо Абе ҳамчунин масъалаи ширкати Ҷопон дар ду тарҳи бузурги чандмиллиардолларии интиқол ва коркарди газро баррасӣ мекунанд, ки аз тарафи ширкати давлатии Газпром амалӣ мешавад. Нахуствазири Ҷопонро дар ин сафар ҳайъати 120 нафарии соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG