Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: Ман бо Наришкин мулоқот надоштам


Раҳматуллоҳ Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, бо раиси Думаи давлатии Русия мулоқот накардааст.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) рӯзи 29 апрел ба Озодӣ гуфт, хабарҳо дар ин бора як бофтаи кормандони дастгоҳи истихборотии Тоҷикистон аст, ки мехоҳанд ӯро ба унвони як номзади эҳтимолӣ дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурӣ бадном кунанд ва байни ӯву раҳбарони аввали кишвар тухми ихтилоф бикоранд.

Дар як матлаби ахиран ба дасти расонаҳо расида бо такя ба "сарчашмаҳои боэътимод" гуфта мешуд, ки раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон рӯзи 11 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург бо раиси Думаи давлатӣ - маҷлиси поёнии парлумони Русия Сергей Наришкин мулоқот карда, вазъи имрӯзаи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва "ширкати ғайриқонунӣ"-и Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботро баррасӣ кардааст.

Сергей Наришкин

Сергей Наришкин

Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, ки дар воқеъ, дар таърихи 11-уми апрел ҷиҳати ширкат дар Форуме, ки ба масъалаи пешрафтҳои иқтисодии АвроОсиё бахшида шуда буд, ба Санкт Петербург сафар кардааст, аммо бо раиси Думаи Русия, ки аз ҷумлаи баргузоркунандагони ин форум буд, ҳеҷ гуна мулоқот надоштааст. Ба қавли ҷаноби Зоиров, дар ин Форум Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон низ ширкат дошт ва суханронӣ намуд: «Аммо ин ки ман бо Наришкин мулоқот карда бошам, дурӯғи маҳз аст ва ин мақола бо мақсади муқобил гузоштани ман бо Убайдуллоев навишта шудааст, ки дар ҳаққи ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор шоиста нест." Оқои Зоиров мегӯяд, Наришкин аз Форуми АвроОсиё дидан ва дар як ҷаласааш раисӣ ҳам кард, вале кадом мулоқоти хосе бо шахси ӯ надошт.

Иттифоқан дар ҳамин рӯзҳои баргузории Форуми АвроОсиё дар Петербург нишасти маҷмаъи байнипарлумониии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) низ доир шуд, ки дар он Тоҷикистонро як ҳайъат ба раҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев намояндагӣ мекард. Аммо Зоиров мегӯяд, сафари ӯ комилан алоҳида ва аз ҳисоби худаш буд ва вай ба Петербург ҳамроҳ бо ҳайъати Тоҷикистон ё ҳамчун узви ин ҳайъат нарафтааст. Аз сӯи дигар, ӯ ба Петербург ба унвони раиси Консортсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон сафар карда буд, на ҳамчун раиси ҲУСДТ, - афзуд оқои Зоиров.

Раҳматуллоҳ Зоиров меафзояд, ки ӯ расман аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов ва сафири Русия дар Душанбе Юрий Попов хоҳиш кардааст, ки ба ин масъалаи ба гуфтаи ӯ сиёсӣ рушанӣ андозанд.

Раҳматуллоҳ Зоиров таъкид мекунад, ки нашри ин мақола монанд ба нашри изҳори назараш дар мавриди тақсими замин бо Чин аст, ки пас аз як сол дар "Садои Хуросон" ба нашр расид ва сарусадои зиёде ба по кард.

Раҳматуллоҳ Зоиров раиси ҲУСДТ - умдатарин ташаккули дунявигарои мухолифини тоҷик - ва яке аз раҳбарони эътилофи аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятист, ки ислоҳи қонуни интихоботи президентии Тоҷикистонро тақозо доранд. Раҳматуллоҳ Зоиров пинҳон намекунад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани заминаҳои қонунии як интихоботи озоду демократӣ метавонад номзадиашро дар интихоботи моҳи ноябр гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG