Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Литсей-интернати Президентӣ, касе осеб надидааст


Идораи сӯхториншонии Душанбе ҳаҷми зарари ворида бар асари сӯхтор дар Литсей-интернати Президентиро мавриди омӯзиш қарор додааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари сӯхтор дар Литсей-интернати Президентӣ воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои пойтахт, ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ надидааст. Аммо зарари воридаро феълан кормандони Идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳр дақиқ менамояд. Идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон, дар дохили посбонхона ва ошхона, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд, дар масоҳати умумии 8 метри мураббаъ молу ашёҳо сӯхтаанд. Идораи сухторнишонӣ мегӯяд, ки эҳтимолан сабаби сӯхтор, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунак будааст.
XS
SM
MD
LG