Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи фоҷеабор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бар асари бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ҳафт нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса бегоҳии рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар километри 144-ум шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар наздикии деҳаи Қаюмободи ноҳияи Данғара рух додааст.

Ба қавли ин манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Пайрав Ашӯров, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба тарафи Душанбе, қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра", ки таҳти идораи ронанда Сабуров Баҳриддин, сокини ноҳияи Восеъ, ки аз самти Душанбе ба шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” шаҳрванд Пайрав Ашӯров ва мусофирони автомашинаи мазкур Ҷовид Муродов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод, Сироҷиддин Исоев, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ ва Фаришта Сафарова, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра” Назар Шамсиддинов соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Кӯлоб, Сафар Абдуллоев соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Ҷӯрахон Сафаров, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Баҳриддин Сабуров ва мусофири ҳамин мошин Суннатуллои Шералӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ, ҷароҳатҳо сангин бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ мебошанд.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон 234 садама рӯй додааст, ки дар натиҷа 72 нафар кушта шуда, 250 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG