Пайвандҳои дастрасӣ

Юсуф Абдуллоев: “Аз беадолатии сардовари бозӣ шикоят дорам”


Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи "Хайр"

Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи "Хайр"

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми апрел баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ - варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард. Ҳисобро Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 22-юм аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра кушод. Баъди ду дақиқа Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии «Хайр», ҳисоби бозиро баробар намуд. Ду голи дигари мизбононро дар нимаи дувуми бозӣ Юҷин Сепуйя, легионери “Истиқлол” аз Уганда, ба самар расонд.

Баъди анчоми ин бозӣ Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи “Хайр”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: “Мехоҳам дастаи “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик кунам. Бозӣ вазнин буд. Албатта набудани бозигари моҳири мо Ҷамшед Исмоилов, ки дар арафаи ин бозӣ ҷарроҳӣ шуд, ба назар мерасид. Вале ман аз сифати доварӣ норозиям ва аз беадолатии сардовари бозӣ шикоят дорам. Сардовар Раҳмон Муртазоев ба дарвозаи мо ноодилона ҷаримаи 11-метра таъин кард, ҳол он ки дарвозабони мо барои гирифтани тӯб талош дошт. Вале вақте ки ҳамлагари мо Мирзобек Мирзоевро рақибон дар ҷаримагоҳи дастаашон тела доданд, сардовар баръакс моро ҷазо дод. Синни Раҳмон Муртазоев ба 53 расидааст ва ҳоло ҳам доварӣ мекунад. Ва дар аксар маврид беадолатиҳо дар бозиҳои дастаи мо ҳангоми доварии ӯ рух медиҳад. Ба бачаҳо ташаккур, ки онҳо дар ҷараёни бозӣ ба беадолатии сардовар тоқат карда, моҷаро накарданд. Мо ин беадолатиҳои ӯро дигар таҳаммул карда наметавонем. “




Баҳодур Сӯфиев , мураббии калони “Истиқлол”.

Баҳодур Сӯфиев , мураббии калони “Истиқлол”.

Дар ин нашаст Баҳодур Сӯфиев, мураббии калони “Истиқлол”, дар бораи бозӣ бо “Хайр” чунин гуфт: “Дар дастаи мо бисёр бозигарони нав ҳунарнамоӣ мекунанд. Бинобар ин дар мо ҳанӯз ҳамдигарфаҳмӣ ба назар намерасад. Вале аз бозӣ ба бозӣ бозигарони мо хубтар бозӣ мекунанд. Дар ин бозӣ ба мо Фатҳулло Фатҳуллоев, ки барои дар нахустин бозии имсола аз майдон хориҷ шуда, муҷозот гаштааст, намерасид. Вале натиҷаи бозӣ ба нафъи мо шуд ва ман аз дастаи худ қаноатмандам. Ба бачаҳо ташаккур, ки ба даста се хол оварданд.”

Вале хабарнигорон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ба ин нишаст Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”, ҳозир нашуд ва ба ҷойи худ ёварашро фиристодааст. Ҳол он ки бар асоси Регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки онро Федератсияи футболи кишвар тасдиқ кардааст, баъди анҷоми бозӣ дар нишасти матбуотӣ ҳузури сармураббиёни дастаҳо ҳатмист.

Дар бозии дигари даври чорум дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа бар тими мизбон – «Вахш» бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Акуффо Гершон, легионери африқоии «Регар-ТадАЗ», дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 73-юм зад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Як бозии дигари даври чорум, ки рӯзи якшанбе, 28-уми апрел байни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ - «Энергетик»-и Душанбе барпо гардид, бо ҳисоби 1-1 ба охир расид. Ба голи дар нимаи аввали дидор задаи Бахтиёр Ҳакимов, бозигари мизбонон, легионери африқоии «Энергетик» Габриэл Донтоҳ дар нимаи дувум ҷавоб гардонд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум.
27-уми апрел, шанбе.

«ИСТАРАВШАН» - ССКА «ПОМИР» - 0-0. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).


«ВАХШ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0-1. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Гол: Акуффо Гершон, 73.

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР» - 3-1. Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Голҳо: Дилшод Восиев, 22 - аз пеналтӣ (1:0). Ҳусейни Суҳробӣ, 24 (1:1). Юҷин Сепуйя, 57 (2:1). Юҷин Сепуйя, 67 (3:1).

28-уми апрел, якшанбе.

«ПАНҶШЕР» - «ЭНЕРГЕТИК» - 1:1. Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Мамадов. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Голҳо: Бахтиёр Ҳакимов, 27 (1:0), Габриэл Донтоҳ, 77 (1:1).

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 3 3 0 0 12-3 9
2. «Регар-ТадАЗ» 2 2 0 0 2-0 6
3. «Энергетик» 4 1 2 1 3-3 5
4. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
5. «Хайр» 3 1 1 1 4-4 4
6. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
7. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
8. ССКА «Помир» 3 0 3 0 1-1 3
9. «Истаравшан» 3 0 2 1 0-2 2
10. «Вахш» 4 0 1 3 2-7 1
11. «Панҷшер» 3 0 1 2 3-9 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 4 гол, Бахтиёр Ҳакимов («Панҷшер») ва Юҷин Сепуйя («Истиқлол») – 2-голӣ.

Даври 5-ум
4-уми май (шанбе).
Оғози бозиҳо – соати 17:00.

“Энергетик” – “Истиқлол”. Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”.
“Парвоз” – “Вахш”. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.

5-уми май (якшанбе).
ССКА “Помир” – “Равшан”. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
“Хуҷанд” – “Истаравшан”. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.

6-уми май (душанбе).
“Регар-ТадАЗ” - «Панҷшер». Турсунзода. Варзишгоҳи “Металлург”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG