Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Рум: "Тирпарронии Рум амали террористӣ нест"


Деннӣ Аламанно-шаҳрдори Рум изҳор дошт, ки ҳодисаи тирпарронӣ дар назди бинои ҳукумати Италия амали террористӣ нест.

Анҷелино Алфано-вазири нави корҳои дохилаи ин кишвар низ ин ҳодисаро амали ягона арнзёбӣ кард, бо вуҷуди ин ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тадобири амниятӣ дар шаҳр тақвият меёбад ва мумкин аст баъзе биноҳои давлативу ҳукуматӣ ва ё биноҳои муҳими дигар барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳамла зери назорат гирифта шаванд.

Бино ба хабари пулис, шахси тирпаррондаро боздошт кардаанд ва вай як сокини бекори шаҳр будааст. Дар тирпарронии вай ду корманди пулис ва як раҳгузар захмӣ шудаанд.

Ин тирпарронӣ замоне сурат гирифтааст, ки дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ Ҷорҷ Неополитано-раиси ҷумҳур савганди ҳукумати навро қабул мекард.
XS
SM
MD
LG