Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби корхонаи харобшудаи Бангладешро боздошт карданд


Корхонаи либосдӯзӣ баъд аз фурӯ рехтан
Корхонаи либосдӯзӣ баъд аз фурӯ рехтан
Пулиси Бангладеш соҳиби корхонаеро, ки бинои он фурӯ рехт ва бештар 350 нафар коргарон дар дохили он ба ҳалокат расиданд, боздошт кард. Номи соҳиби корхона Муҳаммад Солеҳ Раъно аст ва рӯзи шанбе дар марз бо Ҳиндустон боздошт шуд.

Ин хабарро дар маҳали корхонаи харобшуда низ эълон карданд ва мардум баъд аз шунидани ин хабар чиғ заданд. Рӯзи чаҳоршанбе бинои корхона фурӯ рехт ва аз он вақт соҳиби корхона пинҳон шуда буд.

Кормандони наҷот то ҳол талош доранд афроди зиндамондаро аз зери деворҳои шикастаи бинои 8 ошёна берун кашанд. Ин корхонаи либосдӯзӣ буд ва барои ширкатҳои маъруфи дунё кор мекард.
XS
SM
MD
LG