Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулазиз баъд аз сактаи мағзӣ ба Фаронса интиқол дода шуд


Абдулазиз Бутефлика
Абдулазиз Бутефлика
Абдулазиз Бутефлика-раиси ҷумҳури Алҷазоир барои муоинаи баъдии тиббӣ ба Фаронса интиқол дода шудааст. Абдулазиз 76 сол дорад ва дар ин рӯзҳо ба хунрезии сабуки мағзӣ дучор шуд.

Коршиносон саломатии вайро яке аз омилҳои аслии чигунагии вазъ дар ин кишвари дорои захоири ғании нафт мешуморанд. Ин кишвар 37 миллион нафар аҳолӣ дорад ва муноқишаҳои тӯлонӣ бо тундравҳои исломӣ раҳо ёфтааст.

Абдулазиз соли 1999 раиси ҷумҳур интихоб шуд ва то ҳол раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дорад. Вай аз ҷумлаи насли солҳои ҷанги 1954-1962 мебошад, ки дар натиҷа истиқлоли худро аз Фаронса ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG