Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши ҳамлаҳо дар Покистон дар остонаи интихобот


Пеш аз интихоботи порламонии моҳи оянда дар Покистон ҳамлаҳои маргбор дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, рӯзи якшанбе дар як бамгузорӣ дар назди ситоди яке аз номзадҳои мустақили интихоботӣ дар шаҳраки Куҳати вилояти Хайбар Паштунхвоҳ дастикам 4 нафар кушта, 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ду бамгузории дигари алоҳида 4 нафари дигар кушта, тақрибан 40 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳадафи бамгузорон ширкаткунандагони маъракаҳои интихоботии номзадҳо дар шаҳри Карочӣ будааст. Касе ё нируе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Толибони Покистон ҳушдор додаанд, ки ду ҳизбро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд. Якеаш ҳизби Авомӣ Нешенал Партӣ ва дигарӣ ҳизби Муттаҳида Қуами Партӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG