Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар «Хайр» ва «Регар» бар «Вахш»


Се бозии даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 27-уми апрел баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ - варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ҳисобро Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол”, дар дақиқаи 22-юм аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра кушод. Баъди ду дақиқа Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии «Хайр», ҳисоби бозиро баробар намуд. Ду голи дигари мизбононро дар нимаи дувуми бозӣ Юҷин Сепуйя, легионери “Истиқлол” аз Уганда, ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври чорум дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа бар тими мизбон – «Вахш» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Акуффо Гершон, легионери африқоии «Регар-ТадАЗ», дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 73-юм зад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Як бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе, 28-уми апрел байни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ - «Энергетик»-и Душанбе барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум.
27-уми апрел, шанбе.

«ИСТАРАВШАН» - ССКА «ПОМИР» - 0-0. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«ВАХШ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0-1. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Гол: Акуффо Гершон, 73.

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР» - 3-1. Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Голҳо: Дилшод Восиев, 22 - аз пеналтӣ (1:0). Ҳусейни Суҳробӣ, 24 (1:1). Юҷин Сепуйя, 57 (2:1). Юҷин Сепуйя, 67 (3:1).


28-уми апрел, якшанбе. Оғози бозӣ - соати 16.

«ПАНҶШЕР» - «ЭНЕРГЕТИК». Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Мамадов. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).

Ҷадвали мусобиқот то имрӯз:

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 3 3 0 0 12-3 9
2. «Регар-ТадАЗ» 2 2 0 0 2-0 6
3. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
4. «Хайр» 3 1 1 1 4-4 4
5-6. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
5-6. «Энергетик» 3 1 1 1 2-2 4
7. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
8. ССКА «Помир» 3 0 3 0 1-1 3
9. «Истаравшан» 3 0 2 1 0-2 2
10. «Вахш» 4 0 1 3 2-7 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 4 гол, Юҷин Сепуйя («Истиқлол») – 2 гол.
XS
SM
MD
LG